Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Устод Рӯдакӣ»


Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Устод Рӯдакӣ» соли 2007 дар заминаи собиқ боғи ба номи В.И.Ленин сохта шуда, масоҳати он 19,67 гектар мебошад ва дар тавозуни муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дорад.

Шакли дурусти номи ҳозираи боғ: Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, муассиси он Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад.

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 10 июли соли 2014, №302 ҳудуди 0,92 га замини чоркӯчаи назди боғ ба тавозуни муассиса гузаронида шуд. Инчунин, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 11 январи соли 2017, №23 қитъаи замини собиқ «Кохи Ҷомӣ» ба масоҳати 0,45 га барои корҳои ободониву сабзкорӣ ба тавозуни муассиса гузаронида шуд.

Шумораи воҳидҳои кории муассиса мувофиқи ҷадвал 152 нафарро ташкил дода, шумораи кормандони фаъолияткунанда 140 нафар мебошад, ки аз ин шумора 13 нафар бо маълумоти олии умумӣ, 5 нафар миёнаи махсус ва 122 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Аз ин теъдод 86 нафар мардон ва 54 нафар занон мебошанд. Айни ҳол 6 адад ҷойи кори холӣ (вакант) мавҷуд аст.

Дар муассиса муҷассамаҳои устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шоҳ Исмоили Сомонӣ, 2 ҳайкали шоирони классик, 258 курсиҳои нишаст, 620 адад чароғакҳои равшанидиҳанда, 95 чароғҳои ороишӣ, 8 фаввора, 2 лавҳа, 1 дастгоҳи тақвияти овоз ва 2 нақлиёт мавҷуданд.

Ҷиҳати бунёдкорию ободонӣ дар соли 2018 дар ҳудуди боғ 703 бех дарахтони хориҷӣ, 1121 бех дарахтони маҳаллӣ ва 134 284 дона гулҳои мавсимӣ ва садбарги бисёрсола шинонида шуданд. Дар се моҳи аввали соли 2019 бошад 280 000 дона гулҳои мавсимӣ, 105 000 гулҳои бисёрсола, 400 000 гули лола, 6000 гулҳои зимистонаи бисёрсола, 206 бех дарахтони хориҷӣ ва 124 бех дарахтони маҳаллӣ шинонида шуданд.

Дар ҳудуди боғ 12 нуқтаҳои фурӯши яхмос ва обҳои нӯшокӣ амал мекунанд. Дар назди муҷассамаи устод Рӯдакӣ амфитеатри тобистона бо саҳнаи баргузории чорабиниҳо ва майдончаи рақсӣ мавҷуд аст.

Ҷиҳати таъмини амният ва бехатарӣ дар дохили боғ 16 адад камераҳои назоратии тамғаи «Бош» ва дар гирду атрофи он 17 адад камераҳои маркази назоратии «Шаҳри бехатар» насб шудаанд.

Барои риояи қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор дар ҳудуди муассиса 7 адад нуқтаҳои зиддисӯхторӣ бо таҷҳизоти зарурӣ гузошта шудааст.

Айни замон ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» сарпарастии боғро ба ӯҳда дошта, ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмиру тармим ва иваз намудани чароғҳо, нишастгоҳҳо, чароғакҳои ороишии дарахтон, дарвозаи даромадгоҳ, дастрас намудани гулҳои мавсимию бисёрсола ва дарахтони хориҷӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ карда истодааст.

Қобили зикр аст, ки ба муносибати ҷашну санаҳои таърихию фарҳангӣ дар амфитеатри боғ чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва илмию маърифатӣ доир мегарданд.