Боғи фарҳангию фароғатии “Хайём”


Муссисаи давлатии “Боғи фарҳангию  фароғатии “Хайём” бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 28 марти соли 2012 таҳти №133 таъсис дода шудааст. Боғи зикргардида дорои сертификати ҳуқуки истифодабарии замин ва шиносномаи техники мебошад.

Боғи фарҳангӣ - фароғатии “Хайём” масоҳати 15,13 га заминро дар бар мегирад. Шумораи умумии кормандон 93 нафарро ташкил медиҳад. Айни замон дар муассиса 2 чархофалак, 6 фаввора, 4 майдончаи варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварӣ (аквапарк), 8 лавҳаҳо, 250 курсиҳои нишаст, 4 мизҳои саққо, 3 нақлиёт, 3 майдончаҳои гуногун барои бозиҳои бачагона ва 26 аттраксионҳо дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Ҷиҳати бунёдкорӣ ва ободонӣ дар давоми солҳои 2018 ва семоҳаи  аввали 2019 дар муассисаи мазкур 474 бех дарахтони сояафкан, 827 бех дарахтони ҳамешасабз, 56840 бех гулҳои мавсимӣ, 39880 бех гулҳои доимӣ ва 550 бех гулҳои ороишӣ шинонида шудааст. Дар семоҳаи аввали соли 2019 шумораи омаду рафт 40081 нафарро ташкил додааст.

Дар айни замон аз тарафи муассиса ҷуйборҳои обрав ба пурагӣ иваз шуда истодааст. Дар боғи фарҳнгию фароғатии “Хайём” 50 камераҳои мушоҳидавӣ насб гардидааст ва дар ҳолати корӣ қарор дорад.