Боғи ҳайвонот


Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе дар масоҳати 5,44 га дар тавозуни шаҳри Душанбе ќарор дорад. Шумораи умумии кормандон  50 нафаро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 32 мард ва 18 зан мебошанд.

Ҷиҳати бунёдкорӣ ва ободонӣ давоми солҳои 2018 ва се моҳаи аввали соли 2019  зиёда аз 4280 бех гулҳои мавсимию ороишӣ, 1360 бех гулҳои доимӣ шинонида шудааст.

Дар муассисаи зикиргардида ҷиҳати бехатари аз сӯхтор ҳамагӣ 5 сипари оташхомушкунӣ вуҷуд дорад, ки ин барои муссиса басанда нест ва камераҳои назоратӣ ки ҳамагӣ 6 ададро ташкил медиҳад, нокифоя мебошад. Инчунин, роҳравҳо ва ҷуйборҳои муассиса таъмирталаб мебошанд.