Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Ҷавонон”


Муссисаи давлатии  “Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Ҷавонон”- и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Душанбе бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2017, №840 таъсис ёфтааст ва 19 марти соли 2018 расман ифтитоҳ гардида, дар тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад.

Масоҳати умумии муассиса 13,17 гектар буда, дорои сертификати истифодабарии ҳуқуқи замин ва ва шаҳодатномаи техникӣ мебошад. Шумораи кормандони муассиса 72 нафарро ташкил медиҳад, ки 35 нафар мардон ва 37 нафар занон мебошанд. Дар боғ барои шаҳрвандон майдончаи хурди футбол, картингмашинаҳо, қаҳвахона, майдончаи варзишӣ, моторолерҳо ва нуқтаҳои радиошунавонӣ хизмати худро мерасонанд.

Ҷиҳати бунёдкорӣ ва ободонӣ дар давоми солҳои 2018 ва семоҳаи аввали соли 2019, 630 бех дарахтони сояафкану ороишӣ, 45870 бех гули лола, 56458 бех гулҳои бисёрсола ва 68118 бех гулҳои мавсими шинонида шудааст.

Дар муссисаи номбурда ҷиҳати назорат бурдан 28 камераҳои мушоҳидавӣ насб гардидааст. Инчунин, 13 таҷҳизоти зидисўхтор ва биноҳои муассиса бо системаи аз оташ огоҳкунанда муҷаҳҳаз карда шудааст. Дар боғи зикргардида ҷиҳати тоза нигоҳдоштани майдонча, роҳравҳо  ва гулгаштҳо назорати доимӣ бурда мешавад.