Муассисаи давлатии илмии «Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон» (Ирам) тибқи Низомномаи №001-4710 аз 13 марти соли 2008 таъсис ёфта, масоҳати он 40 гектар мебошад ва дар тавозуни муассисаи давлатии «Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор дорад.
Сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ва шаҳодатномаи техникӣ дар ихтиёри Академияи илмҳои Тоҷикистон вогузор аст.
Шумораи воҳидҳои кории муассиса мувофиқи ҷадвал 105 нафарро ташкил дода, шумораи кормандони фаъолияткунанда 98 нафар мебошад, ки аз ин шумора 9 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ, 5 нафар олии умумӣ, 8 нафар миёнаи махсус ва 76 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Аз ин теъдод 32 нафар мардон ва 66 нафар занон мебошанд. Айни ҳол 7 адад ҷойи кори холӣ (вакант) мавҷуд аст.
Дар ҳудуди муассиса 5 лавҳа, 60 курсиҳои нишаст, 100 қуттиҳои партов, 7 нақлиёти хизматрасон ва барои машқу тамрини шаҳрвандон 80 дастгоҳҳои варзишӣ насб гардидаанд.
Ҷиҳати корҳои ободониву бунёдкорӣ давоми соли 2018 ва семоҳаи аввали соли 2019 тадбирҳои судманд роҳандозӣ шуда, дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст. Тӯли ин муддат 530 бех дарахти берёза, 660 бех сосна, 1180 бех можевелник, 15 бех коҷи машкар, 30 бех брючина, 80 000 донапиёзи гули лола шинонида шуданд. Дар соли 2018 дар ҳудуди боғ 1 574 450 бех гулҳои салвия, катарантус, селозия, тагетис, вербиния, мехчагул, георгино, астра, гайлордия, партулак, барфак, тоҷи хурӯс, ҳинагул, шомусаҳар, клиёма, ромашка ва амарант шинонида шуданд, ки дар семоҳаи аввали соли равон бошад ин теъдод 1 125 000 ададро ташкил медиҳад. Зиёда аз 200м2 роҳравҳои боғ сафолакпӯш карда шудааст.
Дар ҳудуди боғ Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон, Маркази инноватсионӣ, биологӣ ва тиббӣ ва «Чойхонаи миллӣ» бо 180 ҷойи нишаст ҷойгиранд.
Дар дохили боғ амфитеатр барои 980 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки аз утоқҳои хизматрасонӣ ва саҳнаи баргузории чорабиниҳо иборат мебошад.
Давоми соли 2018 ва семоҳаи аввали соли 2019 ба ҳудуди боғ зиёда аз 280 000 нафар шаҳрвандону меҳмонони хориҷӣ ворид шудаанд.
Ҷиҳати таъмини амният ва бехатарӣ дар ҳудуди боғ камераҳои назоратӣ насб шудааст, ки аз 2 адад монитор назорат карда мешавад.
Барои риояи қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор дар ҳудуди муассиса якчанд нуқтаҳои сӯхторхомӯшкунӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ гузошта шудааст.
Муассиса барои таъмиру тармим ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки ба муносибати ҷашну санаҳои таърихию фарҳангӣ дар амфитеатр ва «Деҳаи Шарқӣ»-и боғ чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва илмию маърифатӣ доир карда мешаванд.