Боғи Низомиддин Алишер Навоӣ дар масоҳати 2,23 гектар ҷойгир буда, баъди пурра азнавсозӣ гардидан, 27 сентябри соли 2018 бо иштироки президентони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар боғ 20 нафар кормандон фаъолият менамоянд. Боғ бо таҷҳизоти муосири фароғатӣ таъмин буда, дар он барои кӯдакону наврасон аттраксионҳои лимпопо, майдончаи варзишӣ, 86 ҷойи нишаст, 11 муҷассамаи тарғибкунандаи китобхонӣ, майдонча барои бозӣ ва 1 қаҳвахона ташкил карда шудааст.
Дар мавсими баҳори соли 2019 дар ҳудуди боғ 28000 пиёзаки гули лола, 1600 гули карам, 400 бех гули виола, 30750 бех гулҳои мавсимӣ ва дар атрофи боғ 5000 бех гулҳои ороишӣ шинонида шудааст.
Ташрифи мардум дар рӯзҳои корӣ то 8000 нафар ва дар рӯзҳои истироҳат зиёда аз 13000 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди боғ баландгӯякҳо ва камераҳои мушоҳидавӣ насб гардида, фаъолияти мунтазами онҳо таъмин мебошад.
Боғи Алишер Нвоӣ аз ҷониби муассисаи давлатии “Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон”-и ноҳияи Шоҳмансур нигоҳубин карда мешавад.