Боғи ба номи Аҳмади Дониш


Боғи ба номи Аҳмади Дониш 26 сентябри соли 2018 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Масоҳати он 2,7 гектар буда, дар тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор дорад.

Сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ва шаҳодатномаи техникӣ барои азнавтайёркунӣ ба КФБТ (МБТИ) шаҳри Душанбе супорида шудааст.

Шумораи воҳидҳои кории муассиса мувофиқи ҷадвал 6 нафарро ташкил дода, шумораи кормандони фаъолияткунанда 6 нафар (мардҳо) мебошад, ки аз ин шумора 1 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ ва 5 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд.

Дар ҳудуди боғ 48 адад фаввораҳо дар 6 қисмат, 66 адад курсиҳои нишаст, 1 дастгоҳи тақвияти овоз бо 40 садобарор (калонка), 1 майдончаи бозии кӯдакона бо ҳар гуна аттраксионҳои хурд ва 4 адад стеллаҳои гуногуншакли ороишӣ мавҷуданд.

Аз рӯзи таъсисёбӣ то имрӯз корҳои ободониву кабудизоркунӣ вусъати тоза ёфта, 1000 бех дарахтони ороишию сояафкан, аз қабили каштан, магнолия, сирен, кипарис, шамшод, слива, берёза, клёни сурх, инчунин 11 000 дона гули виола шинонида шудааст. Давоми семоҳаи аввали имсол бошад 210 000 дона гули лола шинонида шуд, ки ба ҳусни боғ намои тозаро зам намуд.

Дар ҳудуди боғ ягон муассиса ва нуқтаҳои хизматрасонӣ фаъолият намекунанд. Вале дар нақша ҳаст, ки дар мавсими тобистони имсола нуқтаҳои фурӯши яхмосу обҳои ташнашикан ташкил карда шавад.

Ташрифи мардум ба боғ назаррас буда, ҳамарӯза аз 1000 то 2000 нафар шаҳрвандони дохилу хориҷи кишвар ворид мегарданд.

Барои риояи қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор дар ҳудуди боғ 2 адад нуқтаҳои сӯхторхомӯшкунӣ бо таҷҳизоти зарурӣ гузошта шудааст.

Бо назардошти навбунёд будан боғи мазкур барои таъмиру тармим ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда нашудааст.