Боғи Восеъ воқеъ дар кӯчаи Ф.Муҳмамадиеви ноҳияи Сино дар қитъаи замини масоҳаташ 3,2 га азнавсозӣ гашта, ба боғи фарҳангӣ – фароғатии “Восеъ” номгузорӣ шудааст ва 4 сентябри соли 2018 мавриди истифодабарӣ қарор гирифтааст.
Боғи мазкур дар тавозуни Муассисаи давлатии “Нигоҳдошти боғу гулгашт, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон”- и ноҳия буда, дар муассиса 45 нафар коргар фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 28 мард ва 17 зан мебошанд.
Дар боғи фарҳангӣ – фароғатии “Восеъ” 4 камераҳои мушоҳидавӣ ва 2 сипари зиддисӯхтор насб гардидааст. Ташрифи мардум дар боғи фарҳангӣ – фароғатии “Восеъ”дар чорабиниҳои фарҳанги зиёд мебошанд.