Боғи Ғалаба


Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» аз 20 феврали соли 1974 таъсис ёфта, аз соли 1976 ба фаъолият шуруъ намуд, ки масоҳати он 858,1 гектар мебошад ва дар тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дорад.

Шумораи воҳидҳои кории муассиса мувофиқи ҷадвал 124 нафарро ташкил дода, шумораи кормандони фаъолияткунанда 114 нафар мебошад, ки аз ин шумора 5 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ, 11 нафар олии умумӣ, 2 нафар миёнаи махсус ва 96 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Аз ин теъдод 66 нафар мардон ва 48 нафар занон мебошанд. Айни ҳол 10 адад ҷойи кори холӣ (вакант) мавҷуд аст.

Дар ҳудуди боғ 8 нақлиёти хизматрасон, 66 курсиҳои нишаст, 16 шоҳсуфа (бисетка), 1 радиоузел бо 2 садобарор, 76 лавҳа ва расмҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавҷуданд.

Давоми соли 2018 корҳои ободониву кабудизоркунӣ вусъати тоза ёфта, гирду атрофи боғ тозаю озода нигоҳ дошта шудааст. Аз ҷумла 3728 бех дарахтони сояафкану ороишӣ, 158 840 дона гулҳои мавсимӣ, 4190 дона гулҳои бисёрсола шинонида шудаанд. Дар семоҳаи аввали соли равон бошад 1420 бех дарахтони сояафкану ороишӣ, 50 032 дона гулҳои мавсимӣ, 4625 дона гулҳои бисёрсолаи садбарг шинонида шуданд.

Дар дохили боғ 1 қаҳвахона бо номи «Ғалаба» амал мекунад, ки фаъолияти он мавсимӣ мебошад ва майдони баргузории чорабиниҳо ва паради ҳарбӣ ба ифтихори Рӯзи Ғалаба мавҷуд аст.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 ба ҳудуди боғ зиёда аз 1980 нафар шаҳрвандони дохилу хориҷи кишвар ташриф овардаанд.

Ҷиҳати таъмини амният ва бехатарӣ дар ҳудуди боғ 10 камераҳои назоратӣ ва 7 камераҳои назоратии «Шаҳри бехатар» насб шудааст, ки аз 2 монитор назорат карда мешаванд.

Барои риояи қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор дар ҳудуди муассиса 4 нуқтаҳои сӯхторхомӯшкунӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ гузошта шудааст.